Download as docx, pdf, or txt
Download as docx, pdf, or txt
You are on page 1of 4

ЗАМИН КАЙ МЕҶУНБАД?

Мардум ба тарсу ҳаросу ҳар гуна овозаҳо дода нашаванд. Пешгӯӣ


кардани заминларза, ҳатто новобаста ба ҳазорҳо таҷҳизоти наву
муосир, то ҳамин соате, ки мақола нашр шуд, номумкин аст!!! Дар
зимн бо ларзидани замин ба воҳима низ набояд дода шуд. Замин
бояд ҷунбад!!! Бе ин на-ме-ша-ваддд...
Чанд шумора пеш мо дар бораи заминларзаҳои ахир, ки зиёд ба
вуқуъ меоянд, матлабе навиштем. Он замон Пулод Аминзода,
раҳбари Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва
сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ваъда дод, ки вобаста ба заминҷунбиҳои пайваста ва тобовар будан
ё набудани биноҳои навсохти баландошёна дар шаҳрҳои
калонтарини кишвар бо мухбирони мо суҳбате орояд. Инак, фурсат
пеш омаду мо ин ҳафта меҳмони Пулод Аминзода ва
мутахассисони Институти мазкур гаштем.
Қабл аз оғози матлаб сипоси вежаи худро ба устод Фарҳод Раҳимӣ-
президенти АМИТ мерасонем, ки ба мо иҷозаи расмии бетаъхири
суҳбатро доданд.
Замин бояд ҷунбад!
Тавре Пулод Аминзода таъкид дошт, замин бояд ҷунбад, зеро ин
хуб аст, мавҷҳои дар зери қабатҳои чандин ҳазор километр ҷойгир
бояд кам-кам ба рӯ бароянд. Агар замин наҷунбад ин хеле бад аст,
зеро муддати тӯлонӣ ҷамъ шуда, пасон бо шидати баланд мавҷҳо рӯ
мезананд ва ин пайомадҳои хатарнок дорад.
- Замин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷунбад, алалхусус
вақте 93% ҳудуди кишвари мо кӯҳсор асту аксарияти минтақаҳо
дар кӯҳсор ҷойгиранд, амсоли Бадахшону Рашт. Мардум пас аз
заминларзаи харобиоваре, ки дар Туркия моҳи феврал пеш омад,
бештар ба таҳлука афтода, нисбат ба ларзиши замин ҳассостар
шуданд. Агар гӯям, ки ҳар рӯз мутахассисони мо ларзиши заминро
ба қайд мегиранд, хато нест, вале 99% аҳолӣ ин ларзишҳои 1 – 2
балиро эҳсос намекунанд. Асбобу таҷҳизот ва барномаҳои муосири
мо имрӯз имкон доранд ҳатто ларзиши замини 0,5 балиро ҳам ба
қайд гиранд. Замин бояд ҷунбад, зеро бо ин роҳ энергия ва мавҷҳо
хориҷ мешаванд, вақте намеҷунбад он ташвишовар аст, - афзуд
Пулод Аминзода.
Пас аз 104 сол…
Агар ба таърихи заминларзаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назар
афканем, бузургтарин заминҷумбӣ зилзилаи кӯли Сарез аст, ки
соли 1911 ба вуқуъ омад. Мутахассисони соҳаи сейсмологияи тоҷик
мегӯянд, ки он зилзила аз рӯи ҷадвали Рихтер 9 балро ташкил карда
буд. Он замон зилзилаи Сарезро дар маркази зилзиласанҷии
Пулковои Петербург, ки аз аввали солҳои 1900 ба фаъолият оғоз
намудааст, ба қайд гирифта буданд.
Заминларзаи Ҳоитро (соли 1948) бошад, аллакай мутахассисони
тоҷик ба қайд гирифтаанд. Тавре сейсмологони тоҷик меафзоянд,
пас аз заминларзаи Сарез дар соли 1911 танҳо дар соли 2015 дар
Тоҷикистон (боз ҳам дар минтақаи кӯли Сарез) заминларзаи 8 балӣ
ба қайд гирифта шуд. Вале ин бор, шукри Худо, кӯли Сарез зиён
надид (СССР дар ин бора, дар ҳамин саҳифа, роҷеъ ба вайрониҳои
Бартанги Рӯшон матлаб нашр карда буд).
11 стансия дар 1 Роғун
Дар Тоҷикистон Маркази нахустини зилзиласанҷӣ аз соли 1947 ба
фаъолият шуруъ намуда, тавре Галина Ҳусейнова, яке аз
мутахассисони варзидаи соҳаи сейсмологияи тоҷик мегӯяд, дар
замони советӣ Институти мазкур аз марказҳои бузурги
зилзиласанҷӣ дар миқёси Осиёи Миёна ба шумор рафта, танҳо дар
ҳудуди Тоҷикистон 50 стансияи зилзиласанҷӣ дошт.
Бино ба итиллои Шоҳрух Муродқулов, яке аз мутахассисони ин
институт, айни замон бошад дар кишвар 22 стансияи сейсмологӣ
машғул ба кор буда, 11 адади он дар гирду атрофи НБО Роғун
ҷойгиранд.
Тамомии ин 22 стансия бо таҳҷизоти муосири техникии
зилзиласанҷӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамаи итиллоотро фаврӣ ба марказ
ирсол менамоянд
3 заминларзаи фалокатбори Тоҷикистон
Тавре Фаршед Каримов, яке аз мутахассисони дигари Институти
геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмология иброз
медорад, танҳо дар асри ХХ дар ҳудуди Тоҷикистон 3 заминларзаи
фалокатбор ба вуқуъ пайваст, ки он заминларзаҳои Қаротоғ, Сарез
ва Файзободу Ҳоит мебошанд.
Зилзилаи Қаротоғ соли 1907 бо силсилаи зарбаҳои зеризаминӣ ба
вуқуъ пайваст. 3 заминларзаи 9-10 балӣ дар доираи 400 км ба амал
омада, дар пайи он беш аз 1000 нафар ҳалок ва 150 деҳа вайрону
валангор гардид.
Заминларзаи Сарез соли 1911 бо иқтидори 9 бал ба амал омада,
соҳили чапи дарёи Бартанг ба дарёи Мурғоб фурӯ рафта, маҷрои
дарёи Мурғобро баст. Деҳаи Сарез пурра зери об монд ва кӯли дар
натиҷаи ларзиши замин пайдошуда номи Сарезро гирифт.
Зилзилаи Ҳоит соли 1949 дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои
Қаротегин ба амал омада, ларзиши сахти 10 балӣ майдони 600 км –
ро фаро гирифт.
Магнитуда ва ҷадвали Рихтер
Сейсмологони тоҷик мегӯянд, на танҳо мардум, балки
намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳатто зиёиён низ гоҳо
вақти заминларза байни магнитуда ва ҷадвали Рихтер хато
мекунанд.
Магнитуда ин шиддати энергия ва мавҷҳои сейсмикӣ дар маркази
ларзиш дар зери замин буда, мавҷҳои ба рӯи замин баромадаи онро
аз рӯи ҷадвали Рихтер (сейсмологи амрикоӣ Чарлз Рихтер, соли
1935 онро ихтироъ кардааст) баҳо медиҳанд. Ҷадвали Рихтер 12
балро ташкил медиҳад.
Биноҳои тобовар ва бидуни ҳарос!
Пулод Аминзода, директори Институти геология, сохтмони ба
заминҷумбӣ тобовар ва сейсмология таъкид медорад, ки сокинони
кишвар, хоса онҳое, ки дар биноҳои навбунёди баландошёна
зиндагӣ мекунанд, осуда бошанд, зеро биноҳои дар ш.Душанбе ва
дигар шаҳрҳои калони мамлакат бунёдёфта аз рӯи қоидаҳои
сохтмони ба зилзила тобовар сохта шуда, аз зери назари ҷиддии
коршиносони соҳаи сохтмону меъморӣ мегузаранд.
- Устувории биноҳои баландошёнае, ки имрӯз дар кишвар бунёд
мешаванд, таъмин аст. Агар гӯям, ки имрӯз назар ба солҳои шуравӣ
хубтару ҷиддитар бино месозанд, хато нест. Зимни тахриби баъзе
биноҳои истиқоматии ба ном «хрущевка» мо хеле камбудиҳои
муҳандисони советиро ошкор кардаем. Мардум бояд нигарон
набошанд ва ба тарсу ҳаросу ҳар гуна овозаҳо дода нашаванд.
Пешгӯӣ кардани заминларза, ҳатто новобаста ба ҳазорон-ҳазор
таҷҳизоти наву муосир номумкин аст, вале зимни ларзидани замин
ба воҳима низ набояд дода шуд. Замин бояд ҷунбад! – афзуд Пулод
Аминзода.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Акс аз овозаи заминҷумбии январи соли 2009

You might also like