Download as docx, pdf, or txt
Download as docx, pdf, or txt
You are on page 1of 2

Ба Директори иҷроияи Маркази

татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо


муҳтарам Арабзода Н.С.

Гузориш

Ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонем, ки айни замон ҳуҷҷати


меъёрӣ ва техникӣ оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии пулҳои симтанобӣ дар
сатҳи ҷумҳурӣ мавҷуд нест.
Мувофиқи меъёру қоидаҳои сохтмонии Федератсияи Россия СП
274.1325800.2016, СП 79.13330.2012 ва ГОСт Р22.1.12 пулҳое, ки яке аз
равоқаш аз 100 м зиёд бошад ба таври ҳатмӣ санҷиш ҳангоми қабули иншоот ва
дар тули истифодабари дар ҳар ду сол як маротиба таҳқиқи техникӣ гузаронида
мешавад. Дар асоси супориши фармоишгар ё экспертизаи давлатӣ бо ҷалби
мутахассисоне, ки таҷрибаи гузаронидани таҳқиқи техникии пулҳоро доранд
дар ҳолатҳои муайян таҳқиқи техникӣ гузаронида мешавад.
Дар умум дар пулҳои симтанобӣ дар вақти сохтмон ва ҳангоми
истифодабарӣ танзими нуқтаҳои асосӣ зарур аст: қатшавӣ ва каҷшавии
шоҳсутун, қувваи тарангии симтанобҳо, характеристикаҳои ҳарорат ва ларзиш,
сифати масолех ва ғайра.

Расми 1. - Ҷойгиршавии асбоб ва таҷҳизотҳо барои нигоҳдории пули симтанобӣ

Ҳолати шоҳсутунҳо бо истифода аз инклинометрҳо ва модулҳои


навигатсионии моҳвораӣ арзёбӣ мешавад. Инклинометрҳо, ки дар якчанд
нуқтаҳои шоҳсутун насб шудаанд, маълумотро дар бораи қатшавӣ ва каҷшавӣ
вобаста ба баландии шоҳсутун интиқол медиҳанд. Мавқеи нуқтаҳои болоии
шоҳсутунҳо бо истифода аз модулҳои навигатсионӣ муайян карда мешаванд
Тағйирёбии шиддати симтанобҳо дар асоси таҳлили басомадҳои
ларзишҳои табиии онҳо, ки бо ёрии акселерометрҳо чен карда мешаванд,
муайян карда мешавад. Бо ёрии тензометрҳо ҳолати шиддату –
деформатсионии равоқ муайян карда мешавад. Ба воситаи стансияи обу ҳаво
санҷӣ маълумотҳо дар шароитҳои гуногун ба даст омада таҳлил карда мешавад
ва дар асоси ин маълумотҳо имконияти таҳлили минбаъдаи маълумот баррасӣ
мешавад.
Барои муайян намудани борҳои муваққатӣ ба пул дурбинҳои назоратӣ
муҷҷаҳаз мешаванд. Маълумотҳо аз ҳама асбобу таҷҳизотҳои ба пул насб шуда
ба як сервери ягона пайваст шуда ба нуқтаи назоратӣ идора мешавад. Ғайр аз
ин, миёни сервер ва асбобҳои (датчик) назоратӣ бо блоки иловагӣ (ки дар расм
оварда нашудааст) насб мешавад. Ҷамъ ва таҳлили маълумотҳои ба дастомода
бо ёрии таъминоти барномавӣ дар сервер нигоҳ дошта мешавад. Маълумот дар
бораи ҳолати техникии конструксияҳо на танҳо ба танзимгарон балки ба ҳама
он ташкилотҳое, ки ба кори конструксияҳо алоқанд мебошанд ба воситаи
интернет дастрас мебошад.

Бо эҳтиром, Раҳмонзода И.Р.

20.06.2023с.

You might also like